Таъкиди Тоҷикистону Русия бар тавсеаи ҳамкориҳои минтақаӣ
Дар дидори раиси вилояти Суғд ва ҳайати Думаи давлатии Русия бар лузӯми густариши ҳамкориҳои минтақаии ду кишвар таъкид шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар дидори Раҷаббой Аҳмадзода ва Василий Пискарёв-раиси Комиссиюни амнияту мубориза бо фасоди молии Думаи давлатии Русия бар лузӯми густариши ҳамкориҳои ду кишвар таъкид шуд .
Аҳмадзода хотирнишон кард вилояти Суғд бо манотиқи мухталифи Русия ҳамкориҳои самаранок дошта ва тавассути сармоягузорону корофаринони ду тараф чандини ширкати муштараки тавлидотӣ роҳандозӣ шудааст .
Вай тавваҷуҳи меҳмононро ба имконоту фурсатҳои ин устон дар заминаҳои иқтисодӣ, саноъатӣ, тиҷорӣ, кишоварзӣ ҷалб кард ва хостори афзоиши таъомулоти иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо Русия шуд .
Аҳмадзода ҳамчунин ба тавсеаёфта будани саноъати маъдан дар Суғд ишора кард ва гуфт ки дар чорчӯби саноъатисозии кишвар сохти бунгоҳҳои ҷадид идома дошта ва кори иктишофоти заминшиносӣ тавассути мутахассисон дунбол мешавад .
Раиси Комиссиюни амнияту мубориза бо фасоди молии Думаи давлатии Русия бо таъкид бар омодагии кишвараш ҷиҳати тавсеаи таъомулот дар заминаҳои мухталифи мавриди алоқа аз он ёдовар шуд, ки бар асоси тавофуқоти дуҷонибаи байни Маскав ва Душанбе 200 нафар донишҷӯи тоҷик дар Донишгоҳи маъдану метталургияи Русия таҳсил мекунанд.
Тарафи русӣ тақвияти ҳамкорӣ бо Донишгоҳи маъданшиносии Тоҷикистон ، табодули таҷрибиёт, иҷрои барномаҳои амалиётии муштарак ва ҷазби ҷавонони тоҷик барои таҳсил дар ин замина дар Русияро аз мавориди мавриди алоқаи худ унвон кард, ки мавриди истиқболи тарафи тоҷик қарор гирифт .
Ҳайати Думаи давлатии Русия ҳамчунин ба ҳамкорӣ дар тамоми заминаҳои дуҷониба ,минтақаӣ ва байналмиллалӣ бо Тоҷикистон таъкид кард.
Шоёни зикр аст, ки ин ҳайати Русия аз вилояти Хатлон низ боздид карданд ва бо мақомоти он дар хусӯси заминаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба табодули назар кард .
Бештар бихонед :