Боздиди намояндагони Бонки содироту воридоти Корея аз Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб
Бо ҳадафи ошноӣ бо фурсатҳои сармоягузорӣ, мавқеияти маконӣ ва шароити мавҷуд, намояндагони Бонки содироту воридоти ҷумҳурии Корея, мавсум ба “Eximbank” бо мудирияту масъулони шаҳри Кӯлоб аз ҳарими Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб боздид карданд.
Дар ин боздид, фурсате барои боздидкунандагон фароҳам шуд то дар ҷараёни сохтусози зерсохтҳои ин минтақа ва бунгоҳҳои санъатӣ қарор бигиранд ва дар идома иттилооти дақиқе аз фурсатҳои сармоягузорӣ, мавқеияти ҷуғрофиёӣ, зерсохтҳои ҳамлунақл ва соири мавориди муртабит дар қолаби як гузориш ироа кунанд.
Дар чорчӯби ин боздид, теъдоде аз мавзӯоти муҳими дуҷониба, ба вижа эҳдоси маркази лаҷистик дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб бо сармоягузории ҷумҳурии Корея ва истифодаи густарда аз имтиёзоти мавҷуди мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Дар ин росто, ҷонибҳо бар тақвияту густариши ҳамкориҳо дар ростои ҷазби бештари сармоягузории хориҷӣ, иҷрои пружаҳои авлавиятдор, ба вижа маркази лаҷистик дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб бо ҷазби сармоягузорӣ аз ҷумҳурии Корея ва фаъолияти мушовирону коршиносони ин кишвар тавофуқ карданд.