Нахуствазири Тоҷикистон бо ҳамтои руси худ дидор кард
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i103338-Нахуствазири_Тоҷикистон_бо_ҳамтои_руси_худ_дидор_кард
Қоҳир Расулзода, нахуствазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Михаил Мишустин, нахуствазири Федератсияи Русия дидору гуфтугӯ кард.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Июн 09, 2023 20:15 Asia/Dushanbe
  • Ройзании мақомоти Тоҷикистон ва Русия
    Ройзании мақомоти Тоҷикистон ва Русия

Қоҳир Расулзода, нахуствазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Михаил Мишустин, нахуствазири Федератсияи Русия дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор вазъият ва чашмандози ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар ҳавзаҳои иқтисодиву тиҷорӣ, сармоягузорӣ, саноеъ, кишоварзӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Тарафайн бар аҳамияти ҳамкорӣ байни манотиқи Тоҷикистону Русия таъкид ва омодагии худро барои густариши равобит байни манотиқи ду кишвар эълом карданд.