Дидори додситонҳои кулли Тоҷикистону Эрон дар Душанбе
Додситонҳои кулли Тоҷикистону Эрон дар мавриди заминаҳои густариши ҳамкориҳои қазоӣ гуфтугӯ ва табодули назар карданд.
Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Муҳаммадҷаъфари Мунтазирӣ, додситони кулли Эрон, ки рӯзи панҷшанбе дар садри ҳайате олирутбаи қазоӣ вориди шаҳри Душанбе шуд, бо Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дидор ва дар мавриди заминаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи қазоӣ гуфтугӯ ва табодули назар кард.
Юсуф Раҳмон ва Мунтазирӣ дар ҷараёни ин дидор перомуни мавзӯоти ҳамкориҳо байни додситониҳои ду кишвар дар заминаи муборизаи муштарак бо ҷурму ҷиноят, кумаки ҳуқуқӣ дар қазоёи ҷиноӣ, истирдоду интиқоли маҳкумон гуфтугӯ карданд.
Пешгирӣ, кашф, таҳқиқу таъқиби муҷримон, ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷароим, табодули таҷрибиёту иттилоот дар хусуси мавзӯоти мавриди алоқаи муштарак ва равияҳои ҷиноӣ, ройзанӣ барои ҳамкориҳои ҳуқуқӣ, таҳияу баррасии дархостҳои вижаи истирдоду муозидати ҳуқуқии мутақобил дар умури ҷиноӣ ва умури марбут ба ҷароими идорӣ, табодули иттилоот дар мавриди низомҳои ҳуқуқӣ ва қавонини дохилии кишварҳои якдигар аз муҳимтарин мафоди ин ёддошт аст.