Гардиши молии 1.5 миллиард рублии Тоҷикистону Русия дар соли 2022
Дар соли 2022 гардиши молии Тоҷикистону Русия ба 1.5 миллиард рубл расид.
Михаил Мишустин-нахуствазири Русия гуфт : Русияву Тоҷикистон дар талош барои эҷоди ҳамкориҳои дуҷониба ва муҳофизат аз он дар баробари таҳримҳои Ғарб ҳастанд. Вай афзуд : Мо аз тариқи давлат иҷрои тавофуқоти раҳбарони худро тазмин мекунем, ба тақвияти равобиту ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ ва ҳифзи он дар баробари таҳримҳои ғайриқонӯнии Ғарб тавваҷуҳ дорем .
Ба гуфтаи вай Русия шарики аслии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон аст ва дар соли 2022 тиҷорати мутақобили 18٪ афзоиш ёфт .
Нахуствазири Русия гуфт : Сармоягузориҳои Русия дар иқтисоди Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст ва ширкатҳои дохилӣ ба таври фаъол дар бахши энержӣ, иқтисоди рақамӣ муроқибатҳои беҳдоштӣ, гардишгарӣ ва теъдоди дигар фаъолият мекунанд .
Мишустин афзуд : Тавваҷуҳи вижае ба ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои фарҳангӣ ва башардӯстона шудааст .
Вай тасреҳ кард : Имсол қарор аст рӯзи синамо ва фарҳанги Русия дар Тоҷикистон баргузор шавад.
Вай хотирншон кард : Ба густариши ҳамкориҳои байнминтақаӣ тавваҷуҳи зиёде мешавад, ки ба афзоиши ҷараёнҳои тиҷорӣ, ҷазби сармоя ва роҳандозии пружаҳои ҷадиди ҳамкории муштарак кумак мекунад. Ба гуфтаи вай ҳамкорӣ дар чорчӯби тавофуқномаи осонсозии фарояндҳои тиҷорӣ муҷиби шитоб дар таҳвили коло ва афзоиши контрол бар амалиёти тиҷорати байналмилалӣ мешавад.