Баррасии роҳҳои тақвияти равобити дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Покистон
Роҳҳои тақвияти равобити дуҷонибаи миёни Тоҷикистон ва Покистон барраси шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Муҳаммадали Ватанзода муовини аввали раиси маҷлиси намояндагони маҷлиси олии Тоҷикистон бо Муҳаммад Саъид сафири Покистон дар Тоҷикистон дидору гуфтугу кард.
Дар ин дидор чашмандози густариши равобити дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Покистон мавриди баҳсу барраси қарор гирифт.
Ҳамчунин дар мавриди тақвияти кори гуруҳҳои дустии байни парлумонии Душанбе ва Исломобод гуфтугу шуд.
Этминон ҳосил шуд ки аз тариқи гуфтугуҳои мустамар дар сатҳи боло равобити дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Покистон муҳтавои ҷадиди дар ҳамаи ҷиҳатҳо пайдо хоҳад кард ва бисёри аз заминаҳои мавриди алоқа ва манофеъи тарафайнро дар оянда пушиш хоҳад дод.