Июн 16, 2023 19:22 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкориҳои порлумонии Тоҷикистон ва Русия
    Ҳамкориҳои порлумонии Тоҷикистон ва Русия

Дар дидори мақомоти Тоҷикистон ва Русия равобити дуҷониба дар ҳамаи заминаҳо, ба вижа ҳамкориҳои порлумонӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Саидмурод Фаттоҳзода, раиси Кумитаи умури байналмилалӣ, анҷуманҳои умумӣ ва иттилоърасонии Порлумони Тоҷикистон бо ҳайате аз намояндагони Думаи давлатии Русия ба сарпарастии Юрий Швиткин, муовини кумитаи дифои Думаи давлатии Русия ва ҳамоҳангкунандаи гуруҳи намояндагон барои иртибот бо Порлумони Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Русия дар ҳамаи заминаҳо, ба вижа ҳамкориҳои байнипорлумонӣ баррасӣ ва хотирнишон шуд, ки боздиди намояндагони порлумонҳои ду кишвар аз кишварҳои якдигар заминаи мусоидеро барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳамаи заминаҳо фароҳам кардааст.

Ду тараф дар бахши дигаре аз густариши бештари равобити порлумонӣ байни Тоҷикистону Русия дар тамомии заминаҳо ибрози умедворӣ карданд.

 

 

Барчасп