Июн 19, 2023 17:43 Asia/Dushanbe
  • Дидору гуфтугуи раиси шаҳри Душанбе бо муовини сарвазири Русия
    Дидору гуфтугуи раиси шаҳри Душанбе бо муовини сарвазири Русия

Рустами Эмомалӣ раиси маҷлиси миллӣ маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе имруз бо Марат Хуснуллин муовини сарвазири Русия дар Тоҷикистон дидору гуфтугу кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар ин дидор масирҳои аслии чашмандози равобити широкатии стратежикии байни Тоҷикистон ва Русия аз ҷумла равобити байнипарлумони мавриди баҳсу барраси қарор гирифт.

Тарафайн чанд мавзуъи муҳими дастури кори равобити дуҷонибаи байни Тоҷикистон ва Русия ва лузуми идомаи талошҳои тарафайн барои густариши ҳамкориҳо дар заминаҳои тиҷорӣ ва иҷтисодӣ, тақвияти равобити байниманотиқ, ҷазби сармоягузории мустақим дар фароянди саноати шудани Тоҷикистон, густариши равобити фарҳангӣ ва башардустона ва муҳоҷиратро мавриди баҳсу барраси қарор доданд.

Барчасп