Июн 22, 2023 20:05 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии аввалин истгоҳи поиши иқлимии Чин дар Тоҷикистон

Расонаҳои чинӣ эълом карданд аввалин истгоҳи назорат бар иқлим ва муҳити зисти ин кишвар дар ҷануби Тоҷикистон ифтитоҳ шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, истгоҳе ки дар минтақаи Шаҳритуси Тоҷикистон роҳандозӣ шуда ва иттилооти ҷомеъе дар мавриди олояндаҳо ва аносири ҳавошиносии Осиёи Марказиро, ки барои ҳушдор дар мавриди балоёи ҳавошиносӣ ва мубориза бо тағироти обу ҳавоӣ лозим аст, ироа медиҳад .
Ин истгоҳ қодир аст ҳамл шудани ғубор аз роҳи дур ва ҳамчунин қонуни парокандагии олояндаҳои ҳаворо, ки барои беҳбуди рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва мутолиаи тағироти иқлимии ҷаҳон кумак мекунад, пайгирӣ кунад.
Бар асоси ин гузориш додаҳои ҷамъоваришуда дар ин пойгоҳ нақши муҳиммеро дар мубориза бо тағироти иқлимӣ ва ҳушдор нисбат ба балоёи ҳавошиносӣ дар манотиқи Осиёи Марказӣ ифо мекунад.
 

 

Барчасп