Июн 23, 2023 19:10 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Чину Тоҷикистон алайҳи фасоди молӣ
    Ҳамкории Чину Тоҷикистон алайҳи фасоди молӣ

Дар дидори раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон ва сафири Чин дар шаҳри Душанбе масоили марбут ба густариши ҳамкорӣ дар заминаи мубориза бо фасоди фаромиллӣ баррасӣ шуд.

Ба гузориши «Форс», Сулаймон Султонзода, раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон ва сафири Чин дар Душанбе дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор масоили марбут ба ҳамкории ду кишвар дар заминаи мубориза бо фасоди фаромиллӣ, тахаллуфоти фасоди идорӣ, риояти қавонини Тоҷикистон тавассути ашхоси ҳақиқиву ҳуқуқии Чин ва соири мавзӯоти мавриди алоқаи ду тараф мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин дидор ба тавсеаву густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар ростои мубориза бо фасоди фаромиллӣ тавваҷуҳи вижа ва омодагии ду тараф барои густариши он дар чорчӯби асноди ҳамкории дуҷониба эълом шуд.