Баргузории нишасти муштараки мақомоти Тоҷикистон ва Идораи терроризми СММ
(last modified Sun, 25 Jun 2023 14:03:45 GMT )
Июн 25, 2023 19:03 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нишасти муштараки мақомоти Тоҷикистон ва Идораи терроризми СММ

Нишасти муштараки мақомоти Тоҷикистону Идораи терроризми Созмони Милали Муттаҳид баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин нишаст перомуни мушкилот, густариши ҳамкориҳо ва мушорикати тарафҳои зинафъ дар раванди бозгардондани шаҳрвандон аз манотиқи осебдидаи Ховари Миёна гуфтугӯ шуд.

Ҳайати Тоҷикистон дар ин маросим ширкат ва иттилооти дақиқе аз таҷрибиёт дар бозгардондани атбои Тоҷикистон бавижа занону кӯдакон аз манотиқи ҷангзадаи Ироқу Сурия ироа кард.

Таъкид шуд, ки бар асоси дастӯроти Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон аз соли 2019 токунӯн ҳудӯди 300 шаҳрванди худро аз Сурияу Ироқ бозгардондааст.