Июн 29, 2023 19:03 Asia/Dushanbe
  • Тақдими рунавишти устуворномаи сафири ҷадиди Тоҷикистон ба мақомоти Туркманистон

Сафири ҷадиди Тоҷикистон рӯнавишти устуворномаи худро тақдими вазири умӯри хориҷаи Туркманистон кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Вафо Ниятбекзода-сафири ҷадиди Тоҷикистон дар Ашқобод бо Рашид Муродов- вазири умӯри хориҷаи Туркманистон дидор ва рӯнавишти устуворномаи худро тақдими вай кард.
Дар дидори сафири ҷадиди Тоҷикистон бо вазири умӯри хориҷаи Туркманистон вазъият ва чашмандоз гуфтугуи байни давлатии ду кишвар мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт .
Вазири хориҷаи Туркманистон омодагии тарафи туркманиро барои ироаи кумаку пуштибонӣ аз сафири ҷадиди Тоҷикистон дар Ашқобод ба манзури тақвияти равобити дуҷониба эълом кард.
Ниятбекзода ҷойгузини Фаррухи Шарифзода шуда, ки 5 соли раёсати сафоратхонахои Тоҷикистон дар Ашқободро бар ӯҳда дошт.
Туркманистону Тоҷикистон дар майи соли 2023 эъломияи густардаи мушорикати роҳбурдиро тасвиб карданд.
 

 

Барчасп