Афзоиши парвозҳои “Сомон-Эйр” дар масири Душанбе – Мюнхен – Душанбе
Июн 30, 2023 20:22 Asia/Dushanbe
-
Ширкати ҳавопаймоии \"Сомон-Эйр\"
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон - Эйр” парвозҳои худро дар масири Душанбе – Мюнхен – Душанбе афзоиш дод.
Аз 19 июл ширкати ҳавопаймоии “Сомон - Эйр” парвозҳои худро дар масири Душанбе – Мюнхен – Душанбе ду бор дар ҳафта – чаҳоршанбеҳову шанбеҳо анҷом медиҳад.
Замони парвоз аз Душанбе соати 00: 10, Мюнхен дар соати 17: 00 ба вақти маҳаллӣ, парвозҳо бо ҳавопаймои Боинг 737 - 800 анҷом мешавад.
Дар ҳоли ҳозир “Сомон –Эйр” аз Тоҷикистон ба Олмон, Имороти муттаҳидаи арабӣ, Туркия, Чин, Ҳинд, Арабистони Саудӣ, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Узбакистон парвоз дорад.
Барчасп