Ҳушдори Штайнмайер ба ҳомиёни Эрдуғон дар Олмон
(last modified Sun, 31 Jul 2016 08:16:26 GMT )
Июл 31, 2016 13:16 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Штайнмайер ба ҳомиёни Эрдуғон дар Олмон

Вазири умури хориҷаи Олмон дар бораи интиқоли танишҳои сиёсии Туркия ба Олмон ҳушдор дод.

Ба гузориши ИРНА, вазири умури хориҷаи Олмон рӯзи шанбе дар остонаи тазоҳуроти ҳомиёни Раҷаб Тайиб Эрдуғон-раисиҷумҳури Туркия дар шаҳри Колон гуфт, танишҳои сиёсии ин кишвар набояд ба Олмон интиқол пайдо кунад.

Франк Валтер Штайнмайер афзуд, «инки бихоҳем ашхосеро бо дигар эътиқодҳои сиёсӣ битарсонем, аз ҳар сӯе ки бошад, қобили қабул нест. Олмон ҷои ин гӯна танишҳо нест ва мо ин иҷозаро нахоҳем дод ».

Пулиси Олмон пеш аз ин, нигаронии амиқи худро аз бурӯзи даргирӣ миёни мувофиқон ва мухолифони Эрдуғон дар тазоҳуроти рӯзи якшанбе дар шаҳри Колон, эълом карда буд. Интизор меравад, ки 30 ҳазор нафар аз ҳомиёни Эрдуғон ба ҳамроҳи яке аз вазирони давлати Анкара дар ин тазоҳурот ширкат кунанд.

Дар ҳамин ҳол чаҳор тазоҳурот низ дар мухолифат бо Эрдуғон дар шаҳри Колон анҷом хоҳад шуд.