Июл 05, 2023 18:49 Asia/Dushanbe
  • Дидори Муҳаммадтақии Собирӣ бо Қурбон Ҳакимзода
    Дидори Муҳаммадтақии Собирӣ бо Қурбон Ҳакимзода

Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон ва вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидор бо якдигар дар хусуси густариши ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ тавофуқ карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар шаҳри Душанбе бо Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор, ки дар ҷараёни он Мустафо Ваҳидзода, мудиромили ширкати тавлиди трактори Эрон ва намояндагони «Тоҷикагролизинг» низ ҳузур доштанд, барномаи ду кишвар дар заминаи тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ баррасӣ шуд.

Дар ин дидор эълом шуд, зарфи семоҳаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон 20 трактори моделҳои мухталиф ва 88 дастгоҳи дигари таҷҳизоти кишоварзӣ аз Эрон ворид карда, ки нишон аз маҳбубияти тракторҳои эронӣ барои кишоварзони Тоҷикистон аст.

Имрӯзҳо тракторҳои эронӣ ба 30 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ содир мешаванд. Басарфа будан, ки аз назари содирот бисёр дорои аҳамият ба назар мерасад, аз ҷумлаи имтиёзҳои тракторҳои тавлидшуда дар Эрон аст.

Тракторҳои эронӣ умдатан барои истифода дар боғҳо тарроҳӣ шудаанд ва чунин таҷҳизоте нисбат ба соири моделҳои трактори сабук тақозои бештаре доранд.

Тиҷорати дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон дар чаҳормоҳаи нахусти соли ҷорӣ ҳудуди 81 миллион доллар будааст.