Тавофуқи Тоҷикистону Покистон барои густариши ҳамкории иттилоотӣ ва низомӣ
Вазирони дифои Тоҷикистону Покистон дар дидоре бар афзоиши ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаи иттилоотӣ ва низомӣ таъкид карданд .
Ба гузориши родиои тоҷикии Садои Хуросон,Шералӣ Мирзо-вазири дифои Тоҷикистон,ки дар сарварии як ҳайати баландпояи низомӣ - амниятӣ ба Покистон сафар карда, дар шаҳри Ровилпендӣ бо Хоҷа Муҳаммад Осиф-вазири дифои ин кишвар дидор кард ва ду тараф бар ҳамкории дуҷониба дар заминаи иттилоотӣ ва низомӣ ба тавофуқ расиданд.
Тибқи ин гузориш вузарои дифои Тоҷикистону Покистон дар ин дидор мавзӯъоти мавриди алоқаи мутақобил, ҳамкориҳои дифоӣ ва охирин таҳаввулоти минтақаиро низ мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд .
Муҳаммад Осиф ҳамчунин дар ин дидор тарҳи коридори иқтисодии Покистон - Чинро дорои фурсатҳои нав ва беназир барои тақвияти иртиботу якпорчагӣ аз бандари Гводар то Кошғари Чин ва Мурғоб дар Тоҷикистон донист .
Бинобар таъкиди вазири дифои Покистон, Исломобод ва Душанбе ба унвони ҳамсояи Афғонистон бо чолишҳо ва таҳдидҳои амниятии мушобеҳе рӯбарӯ ҳастанд ва тарафи покистонӣ ба расондани тахассуси фаннӣ бо неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар ин бора идома медиҳад.
Муҳаммад Осиф гуфт : Покистон муътақид аст, ки тамоми мушкилоти Афғонистон бояд ба шакли мусолиматомез ҳал шавад ва аз талошҳои Тоҷикистон барои ҳифзи сулҳу субот дар минтақа низ қадрдонӣ мекунад .