Июл 09, 2023 22:02 Asia/Dushanbe
  • Неругоҳи хуршедӣ дар Мурғоб
    Неругоҳи хуршедӣ дар Мурғоб

Дар бузургтарин ноҳияи Тоҷикистон аз нигоҳи масоҳат, ки дар шарқи вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ҷойгир аст, таъминот бо барқ беҳтар мешавад.

Ба гузориши “Спутник”, ноҳияи Мурғоб, ки солҳои пеш аҳолияш аз нерӯи барқ шадидан танқисӣ дошт, аз ҳисоби нерӯи хуршедӣ бо барқ таъмин мегардад.

Ба иттилои нашрияи ҳукумати Тоҷикистон - "Ҷумҳурият", дар Мурғоб сохтмони боз як неругоҳи дигари хуршедӣ бо тавони 600 кВт шуруъ шуд.

Манбаъ зикр кард, ки қаблан ширкати "Помир Энержӣ" дар Мурғоб нахустин неругоҳи барқии хуршедӣ бо иқтидори 200 кВт-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор додаст.

Таъкид шудаст, ки Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва ширкати "Помир Энержӣ" дар деҳаҳои Булункӯл, Чечекдӣ ва Башгумбез ба маблағи ҳудуди 1 млн сомонӣ панелҳои хуршедӣ насб кардаанд. Хатҳои барқ таҷдид ва муштариён бо ҳисобкунакҳои замонавӣ таъмин шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои мақомот солҳои қаблӣ дар Мурғоб танҳо як неругоҳи хурди барқи обӣ фаъолият дошт, ки танҳо нисфи маркази ноҳияро бо барқ ва фақат барои равшанӣ таъмин мекард.

 

Барчасп