Июл 12, 2023 19:28 Asia/Dushanbe
  • Ширкати алюминийи тоҷик тавлиди маҳсулотро афзоиш медиҳад
    Ширкати алюминийи тоҷик тавлиди маҳсулотро афзоиш медиҳад

Ширкати ТАЛКО эълом кардааст, ки қасд дорад дар тӯли чанд соли оянда тавлиди алюминийро ба 300 ҳазор тон расонад.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Корхонаи алюминийи тоҷик - ТАЛКО истеҳсоли алюминийи аввалияро афзоиш хоҳад дод.

Дар ин бора дар гузориши нимсолаи корхона гуфта мешавад.

Бар ин асос, дар 6 моҳи соли ҷорӣ корхона 31,5 ҳазор тон алюминий истеҳсол кардааст. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 андаке бештар аст. Аммо корхона ҳадаф гузоштааст, ки то охири сол иқтидори истеҳсолиро 10% афзоиш диҳад.

Зимнан, ширкати ТАЛКО тасмим гирифтааст, ки дар тӯли 3 соли оянда тавлиди алюминийро 5 маротиба афзоиш дода, ҳаҷми онро ба 300 ҳазор тон расонад.

Аз оғози соли 2023 мутахассисони ТАЛКО 28 адад электролейзер (дастгоҳе, ки дар бахши истеҳсолӣ барои тавлиди алюминий истифода мешавад) –ро мавриди истифода қарор додаанд.

Пешбинӣ шудааст, ки то охири сол беш аз 90 агрегат таъмир ва ба истифода дода шавад.

Ҳаҷми тиҷорати хориҷии ширкат дар 6 моҳи соли 2023 дар сатҳи беш аз 113,2 млн. долларро ташкил додааст. Дар ҳамин ҳол, воридот 48,9 млн ва содироти ин ширкат 64,3 миллионро ташкил додааст.

Корхонаи алюминийи Тоҷикистон яке аз корхонаҳои пуриқтидори саноатии ҷумҳурӣ мебошад. Маҳсулоти асосии он алюминийи аввалия мебошад.

Ҳар сол ҳудуди 98% маҳсулот ба хориҷ содир мешавад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп