Таъини намояндаи доими Тоҷикистон дар Созмони Миллал
Июл 13, 2023 12:01 Asia/Dushanbe
Раисиҷумҳӯри Тоҷикистон бо имзои фармони сафири ин кишвар дар Швейтсарияро ҳамзамон ба унвони намояндаи доими кишвараш дар дафтари Созмони Миллал ва соири Созмонҳои байналмиллалӣ дар Женева мансуб кард.
Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз хабарнигори хабаргузории Форс дар Душанбе, Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳӯри Тоҷикистон бо имзои фармоне Шараф Шерализода сафири ин кишвар дар Швейтсарияро ҳамзамон ба унвони намояндаи доими кишвараш дар Созмони миллал ва соири Созмонҳои байналмиллалӣ дар Женева мансуб кард.
Шерализода фориғутаҳсили муъасисиаи ҳуқуқ ва молиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва донишгоҳи Филипин аст.