Июл 13, 2023 15:25 Asia/Dushanbe
  • Ғурфаи Тоҷикистон дар Екатеринбурги Русия
    Ғурфаи Тоҷикистон дар Екатеринбурги Русия

Дар сездаҳумини намоишгоҳи байналмилалии санъатӣ дар Екатеринбурги Русия ғурфаи Тоҷикистон таъсис шуд.

Дар ҳошияи сездаҳумин намоишгоҳи байналмилалии санъатии “INNOPROM - 2023”, ки дар шаҳри Екатеринбурги Русия ба манзури тавсеаи ҳамкориҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар ҳоли баргузорӣ аст, ғурфаи санъатии Тоҷикистон таъсис шудааст, ки маҳсулоти дохилии содиротимеҳвар дар он ба намоиш гузошта мешавад.

Ба гузориши "Ховар", баргузоркунандагони конфронс бар нақши рӯзафзуни Созмони Ҳамкории Шанхай дар тазмини ҳамкории кишварҳои узв дар бахшҳои муҳими иқтисодӣ, ба вижа дар ҳавзаи саноеъ бо тавваҷуҳ ба зарфиятҳои фаровони кишварҳо таъкид ва тавваҷуҳи ҳозиронро ба аҳамияти ироаи дастрасии баробар ба фанновариҳои ҷадиду тавсеаи стандартҳои яксон барои тазмини тавсеаи пойдори фанноварӣ дар минтақаи созмон дар ҳамкорӣ бо Шанхай ҷалб карданд.

Ёдовар мешавем, намоишгоҳи байналмилалии санъатии “INNOPROM - 2023” аз 10 июл дар шаҳри Екатеринбурги Русия баргузор мешавад ва намояндагони беш аз 700 ширкат аз саросари ҷаҳон ва кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар он ҳузур доранд.

 

Барчасп