Июл 14, 2023 18:59 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо
    Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо

Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо тавофуқномаи ҳамкорӣ имзо карданд, ки бар асоси он 30 миллион доллар дар ихтиёри Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт.

Ба гузориши “Форс”, тайи дидори Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Раймундас Кароблис, сафири Иттиҳоди Аврупо тавофуқномаи омӯзиши касбӣ-техникӣ ва барномаи ҳимоят аз буҷети иштиғол ба имзо расид.

Бинобари иттилоияи бахши матбуотии Вазорати молияи Тоҷикистон, ин тавофуқнома кумаки 30 миллионевроиро ба ҳамроҳ хоҳад дошт, ки ба таври комил аз вуҷуҳи билоиваз таъмин мешавад.

Ҳадафи аслии ин барнома анҷоми тағйиру таҳаввул дар системаи мудирияти молии умумӣ, тазмини шафофияти буҷет ва ҳамчунин ироаи ҳимоятҳои лозим аз системаи касбӣ-техникӣ, бозори кор, иштиғол ва муҳоҷират унвон шудааст.

Дар ин дидори дуҷониба ҳамчунин дар мавриди вазъияти мавҷуд ва фурсатҳои густариши ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар заминаҳои авлавиятдор табодули назар сурат гирифт.

 

Барчасп