Июл 15, 2023 16:53 Asia/Dushanbe
  • Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба Туркманистон сафар мекунад
    Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба Туркманистон сафар мекунад

Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба даъвати муовини нахуствазир ва вазири хориҷаи Туркманистон дар чорчуби як сафари дуруза аз Ашқобод боздид ва бо мақомоти олирутаби ин кишвар дидору гуфтугу мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Сироҷиддин Муҳриддин вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба даъвати Рашид Муродов вазири корҳои хориҷаи Туркманистон дар як сафари расми имруз ва фардо аз Ашқобод боздид мекунад.

Дар чорчуби ин сафари ду руза дидори Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷа ва ҳамчунин раиси Ҷумҳурии Тукрманистон барномарези шуда аст.

Барчасп