Июл 15, 2023 17:29 Asia/Dushanbe
  • Азми Тоҷикистон барои содироти литюм ва журмониюм ба бозорҳои ҷаҳонӣ
    Азми Тоҷикистон барои содироти литюм ва журмониюм ба бозорҳои ҷаҳонӣ

Вазири саноат ва фановариҳои навини Тоҷикистон гуфт: Тоҷикистон дар талош аст ба яке аз таъминкунандагони пешрави фулузоти стратежики дар бозори ҷаҳони иқтисоди сабз табдил шавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Шерали Кабир намоишгоҳи байналмилалии саноатии "Innoprom 2023" эълом карду гуфт: Тоҷикистон дорои захоири қобили таваҷуҳи фулузоти мухталиф ва аз ҷумла журмониюм ва литиюм  буд, ки дар ҳоли ҳозир ба сурати фаъол дар ҳоли рушди захоири литиюм аст.

Сездаҳумин намоишгоҳи байналмилалии саноати "Innoprom 2023" 10 июл дар шаҳри Екатеринбурги Русия оғоз ба кор кард.

Дар ин намоишгоҳ дар масоҳати 5 гектар беш аз 600 ширкати саноати аз кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Белорус, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва ҳамчунин Чин маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд.

Барчасп