Июл 18, 2023 18:14 Asia/Dushanbe
  • Имзои тафоҳумномаи содироти дору аз Эрон ба Тоҷикистон
    Имзои тафоҳумномаи содироти дору аз Эрон ба Тоҷикистон

Вазири беҳдошт, дармон ва музиши пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз имзои тафоҳумномаи дуҷониба бо Тоҷикистон дар заминаи содироти дору ба ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Баҳроми Айнуллоҳи гуфт: Тафоҳумномаи рузи гузашта бо вазири тандурустии Тоҷикистон гоми бузург дар арсаи содироти дору ба ин кишвар аст пеш аз ин девони солори ва завобити даступогир иҷозаи содироти доруи Эронро ба нархи муносиб ба Тоҷикистон намедод, аммо акнун бо ин тафоҳумнома гоми бузурги дар содироти дору аз Эрон ба Тоҷикистон бардошта шуд.

Дар ҳамин ҳол дастёри вижаи вазир ва мудири кулли ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати беҳдошти Ҷумҳурии Исломии Эрон низ аз густариши ҳамкори Эрон ва Тоҷикистон дар бахши гардишгарии саломат хабар доду афзуд: Моҳона 200 гардишгари саломат аз Тоҷикистон ба Эрон меояд ки бо тафоҳумномае, ки бо Тоҷикистон имзо шуд ин омор афзоиш хоҳанд ёфт.

Доктор Муҳаммадҳусейни Некном гуфт: Ҳамкории доҷниба бо Тоҷикистон дар арсаи саломат ба хуби пеш меравад ва раванди тозаи дар сатҳи равобити ин ду кишвар шакл гирифта аст.

Барчасп