Декабр 26, 2016 10:16 Asia/Dushanbe
  • Дидгоҳи актёри тоҷики синамои Русия дар бораи авзои синамо дар Тоҷикистон

Актёри тоҷики синамои Русия, ки таи 10 соли ахир дар беш аз 30 филми синамоӣ дар ин кишвар нақш ифо кардааст, мушкилоти синамои Тоҷикистонро набуди манобеи молӣ ва таҷҳизоти фаннӣ унвон кард.

Ба иттилои сайти Русия барои ҳама, Фаридуншоҳ Раҳматиллоев гуфт, барои вуруди Тоҷикистон ба арсаи синамои ҷаҳонӣ ин кишвар ба манобеи молии фаровон ва таҷҳизоти фаннии пешрафтаи филмбардорӣ ниёз дорад. Зеро барои таҳияи як филми синамоӣ, ки тавони рақобат бо синамои ҷаҳониро дошта бошад, бояд беш аз 1 миллиону 500 ҳазор то 2 миллион доллар ҳазина шавад, аммо дар шароити феълӣ, Тоҷикистон барои таҳияи чунин филмҳое, ин манобеи молиро дар ихтиёр надорад .

Вай гуфт, дар ҳоли ҳозир наздик ба 10 нафар аз актёрони синамои Тоҷикистон дар Русия фаъолият мекунанд ва дар миёни мардуми ин кишвар ба далели ифои нақш дар филмҳои синамоӣ ва сериалҳои телевизионии русӣ аз ҷойгоҳи хубе бархурдор ҳастанд.

Аз дидгоҳи Фаридуншоҳ Раҳматиллоев, шаҳрвандони Тоҷикистон бояд дар Русия бо сари баланде зиндагӣ кунанд ва одобу русум ва фарҳангу ахлоқи некӯи худро нишон диҳанд ва барои дигарон намунаи ибрат бошанд .