Июл 19, 2023 19:38 Asia/Dushanbe
  • Сармоягузорӣ ва тиҷорат - баҳси мақомоти тоҷику эронӣ
    Сармоягузорӣ ва тиҷорат - баҳси мақомоти тоҷику эронӣ

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон бо мақомоти ин кишвар масъалаи тақвияти ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ миёни ду кишварро баррасӣ кард.

Ба гузориши “Спутник”, Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон бо муовини вазири иқтисод - раиси Созмони сармоягузорӣ, кӯмакҳои иқтисодӣ ва фаннии Эрон Алии Фикрӣ мулоқот кард.

Дар ин бора дафтари матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон хабар додааст.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи сармоягузориву тиҷорат, инчунин ташкили Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Эрон ва нишасти навбатии Кумитаи муштараки сармоягузорӣ миёни ду кишварро баррасӣ намудаанд.

Ёдовар мешавем, ки ба тозагӣ вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Баҳром Айнуллоҳӣ ба Тоҷикистон сафар дошт.

Ӯ дар ин сафар бо вазири тандурустии Тоҷикистон мулоқот кард ва дар гуфтугӯҳо масъалаҳои ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои гуногун, ба хусус дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ шуд.

Ҳамзамон ахирина соҳибкорони Эрон аз вилояти Хатлон диданд карданд ва бо раиси вилоят дидору гуфтугӯ намуданд.

Ба гуфтаи соҳибкорони эронӣ мақсади дидору мулоқоти раҳбарони ширкатҳои эронӣ бо роҳбарияти вилояти Хатлон пешниҳоди ироаи хадамоти фаннӣ-муҳандисӣ, интиқоли технолоҷӣ аз Эрон ба Тоҷикистон ва баррасии арсаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталиф мебошад.

Ба иттилои ҳукумати Хатлон, Эрон ба сегонаи аввали кишварҳои сармоягузор дар вилояти Хатлон ба шумор рафта, 18,5%-и сармояи хориҷии воридшуда ба иқтисоди минтақа мансуб ба ҷумҳурии исломӣ мебошад.

 

Барчасп