Фаъолияти Созмони “Pamir Daily News” дар Тоҷикистон мамнӯъ шуд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i105192-Фаъолияти_Созмони_pamir_daily_news_дар_Тоҷикистон_мамнӯъ_шуд
Додгоҳи олии Тоҷикистон, фаъолияти Созмони “Pamir Daily News” дар Тоҷикистон мамнӯъ эълом кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 20, 2023 13:16 Asia/Dushanbe
  • Фаъолияти Созмони “Pamir Daily News” дар Тоҷикистон мамнӯъ шуд
    Фаъолияти Созмони “Pamir Daily News” дар Тоҷикистон мамнӯъ шуд

Додгоҳи олии Тоҷикистон, фаъолияти Созмони “Pamir Daily News” дар Тоҷикистон мамнӯъ эълом кард.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз "Ховар" ба нақл аз сомонаи расмии Додситони кулли Ҷумҳӯрии Тоҷикистон, бар асоси ин мусаваба  фаъолияти  сайтҳои ин Созмон дар Ҷумҳӯрии Тоҷикистон мамнӯъ шудааст.

Бо тасмими Додгоҳи оли  Ҷумҳӯрии Тоҷикистон аз таърихи 14- уми июли соли 2023, иддаои Додситони кулли Ҷумҳӯрии Тоҷикистон ба нафъи ҳифзи мабонии сохторҳои қонунӣ, амният ва ҳокимияти Ҷумҳӯрии Тоҷикистон Созмони “Pamir Daily News” ба унвони Созмони ифротӣ шинохта шуд ва фаъолияти он дар қаламрави Ҷумҳӯрии Тоҷикистон мамнӯъ эълом шуд.