Июл 22, 2023 12:32 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши тавлиди алюминий дар ширкати

Ширкати алюминийи Тоҷикистон " ТАЛКО " эъломи кард дар соли ҷорӣ тавлиди алюминийро 10 дарсад афзоиш дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Павел Дик-нойиби раиси ширкати "ТАЛКО" гуфт : Агарчӣ "ТАЛКО" аз пайоямадҳои буҳрони бархоста аз ҳамагирии корона ранҷ мебарад, аммо дар нимаи аввали соли ҷорӣ ( 2023 ) марҳалаи эҳёи зарфиятҳо, таҷдиди таҷҳизот, фановарии ҷадид ва тақвияти  сармоягузориро оғоз кард.
Павел Дик гуфт : Тавонистем теъдоде дегҳои электролизиро беҳинасозӣ кунем ва тавлиди алюминиро афзоиш диҳем.
Вай изҳор кард : Ин ширкат таи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ 28 коргоҳи ҷадиди электролӣзро фаъол кард ва мизони тавлиди худро ба 31 ҳазору 510 ё 61 тон бештар аз муддати мушобеҳи соли гузашта расонд ва қарор аст тавлиди солонаи алюминиро нисбат ба соли гузашта ( 62 ҳазор тон ) 10 дарсад афзоиш диҳад.
Ба гуфтаи қоиммақоми ширкати ТАЛКО 15 дастгоҳ электролизери дигар низ дар марҳалаи роҳандозӣ аст ва то поёни сол теъдоди онҳо ба беш аз 90 дастгоҳ хоҳад расид.
Павел Дик гуфт : " Афзоиши зарфияти тавлид ба мо имкон медиҳад теъдоди коркунони ширкатро афзоиши диҳем. "
Ҳамакнун 4 ҳазору 767 нафар дар ширкати ТАЛКО кор мекунанд ва қарор аст ба зӯдӣ 1500 то 2 ҳазор нафари дигар ба кор гирифта шаванд .
Сохти корхонаи ТАЛКО аз 1972 оғоз ва нахустин рехтагарии алюминиӣ дар 31 марти 1975 анҷом шуд.
 

 

Барчасп