Июл 23, 2023 20:11 Asia/Dushanbe
  • Суруди муштараки Давлатманд Холов ва Содиқи Оҳангарон
    Суруди муштараки Давлатманд Холов ва Содиқи Оҳангарон

Давлатманд Холов, мусиқидони шаҳири Тоҷикистон ба муносибати айёми сӯгвории Муҳаррам як қитъаи муштарак бо Содиқи Оҳангарон, маддоҳи қадимӣ тавлид кардааст.

Давлатманд Холов, устоди мусиқии маҳаллии ҷануби Тоҷикистон аст, ки ба он «Фалак» гуфта мешавад.

Ин қитъа «Ҳусайнияи дил» ном дорад ва шеъри онро Алиризо Қазва сурудааст.

Ин дар ҳолест, ки Содиқи Оҳангарон дар ҷойгоҳи хонандаву маддоҳ пеш аз ин ҳам тавлидоти муштараке бо Давлатманд Холов доштааст.

Ин қитъа аз тавлидоти ҷадиди Маркази шеър, мусиқӣ ва суруди садо ва симо (радио ва телевизиони давлатии Эрон) аст, ки 30 асар бо мавзӯи Муҳарраму Ошӯроро ба муносибати ин айём тавлид ва барои пахш ба шабакаҳои радиоӣ ва телевизионӣ ирсол кардааст.

 

Барчасп