Июл 24, 2023 19:04 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи Раҳмон бо Мирзиёев
    Гуфтугӯи Раҳмон бо Мирзиёев

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбакистон гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.

Ба гузориши “Ховар”, Эмомалӣ Раҳмон бо таъкид бар нақши пурранги Шавкат Мирзиёев дар тавсеаи пойдори иқтисодиву иҷтимоии кишвари ҳамсоя ва тақвияти ҷойгоҳи он дар арсаи байналмилалӣ, барои Узбакистон орзӯи пешрафту беҳрузӣ кард.

Дар идомаи ин гуфтугӯ, руасои ҷумҳур дар хусуси бархе аз ҷанбаҳои мушорикати роҳбурдӣ ва иттиҳоди байни Тоҷикистону Узбакистон гуфтугӯ карданд.

 

Барчасп