Июл 25, 2023 12:11 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкориҳои омӯзишии Эрону Тоҷикистон густариш меёбад

Дар дидори сафири Эрон дар Душанбе бо вазири маорифу илми Тоҷикистон заминаҳои тавсеаи муносиботу ҳамкориҳои омӯзишӣ, пажӯҳишӣ, илмӣ ва фанноварии ду кишвар мавриди баррасӣ ва табодули назар қарор гирифт.

Муҳаммадтақии Собирӣ-сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон бо Раҳим Саидзода-вазири маориф ва илми ин кишвар дидору гуфтугу кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, табодули устоду донишҷӯ, баргузории муштараки намоишгоҳҳои муаррифии дастовардҳоу фаъолиятҳои илмӣ ва фанноварӣ ба манзури муаррифии осори мумтозу барҷастаи устодону мафохири илмии ду кишвар, баргузории урдуҳо ва олимпиадаҳои муштараки донишомӯзӣ ва донишҷӯӣ, баргузории семинарҳои илмӣ, адабӣ ва фарҳангӣ дар мавзӯъоти мавриди алоқа дар маҷомеъи илмӣ ва донишгоҳии Эрону Тоҷикистон ва истифода аз фурсатҳои мутолиъотӣ аз дигар мавзӯъоте буд, ки дар ин дидор мавриди гуфтугу ва табодули назар қарор гирифт.
Собирӣ дар ин дидор бо ишора ба иштирокоту зарфиятҳои фаровон ҳамкории ду кишвар дар арсаҳои пажӯҳишӣ, омӯзишӣ, илмӣ ва фанноварӣ гуфт : Ҷумҳурии исломии Эрон барои тавсеаи ҳамкорӣ дар ин заминаҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудияте надорад ва омодагии Эронро дар ҷиҳати интиқоли таҷрибиёт ба тарафи тоҷик дар заминаи таъсису мудирияти парки илмӣ ва фанноварӣтандартсозии фазоҳои омӯзишӣ, баргузории давраҳои тарбияти муаллим ва беҳсозии манобеи инсонӣ ва омӯзишҳои фаннӣ ва ҳирфаӣ эълом кард.
Раҳим Саидзода-вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ зимни истиқбол аз мавзӯъоти матраҳшуда омодагии кишварашро барои тавсеаи муносиботи байниякдигарӣ дар мавзӯъоти мазкур эълом кард.
 

Бештар бихонед :

 

Барчасп