Июл 27, 2023 18:14 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими Тосуъои ҳусайнӣ дар Тоҷикистон бо ҳузури эрониёни муқим

Маросими бошукуҳи азодории Тосуъои ҳусайнӣ дар маҳали сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон бо ҳузури эрониёни муқими ин кишвар баргузор шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳамзамон бо саросари Эрони азодории Тосуъои ҳусайнӣ дар маҳали сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд .
Дар ин маросими маънавӣ, ки сафири Ҷумҳурии исломии Эрон, дипломатҳои Эрон дар канори садҳо нафар аз эрониёни муқим ва дигар дӯстдорони аҳли байти Паёмбар алайҳимус-салом ҳузур доштанд ,сугворони ҳусайнӣ дар расои аламдори Карбало ҳазрати Абулфазлил-Аббос (а) азодорӣ ва синазанӣ карданд. Муҳаммадтақии Собирӣ-сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон бо табйини бархе аз вижагиҳои шахсияти ҳазрати Абулфазлил-Аббос (а) гуфт : Ҳазрати Аббос (а) на танҳо дар воқеаи Ошӯро, ки дар тамоми даврони зиндагии бобаракатшон дар авҷи фазойилу камолоти маънавӣ ва ахлоқӣ қарор доштанд . Имрӯз панҷшанбе мусодиф бо нуҳумин рӯзи моҳи Муҳаррамулҳароми соли 1445 ҳиҷрии қамарӣ, ( 27 июли 2023 ) Тосуъои Ҳусайнӣ ( а )аст . Ҳазрати Абоабдиллоҳил-Ҳусайн (а) ва ёрони бовафои эшон дар даҳуми муҳаррами соли 61 ҳиҷрии қамарӣ дар Карбало ба шаҳодат расиданд . Имоми Ҳусайн ( а ) дар воқеаи Карбало ба сароҳат таъкид карданд : " Мақсудам  расво кардани ҳукӯмати зиддиисломӣ ва барпо кардани амри маъруф ва наҳи аз мункар ва истодагӣ дар баробари зулму ситам аст”

 

Барчасп