Декабр 26, 2016 19:36 Asia/Dushanbe
  • Таъхир дар сафари ҳайати Узбакистон ба Душанбе

Сафари ҳайати Узбакистон таҳти роҳбарии Рустам Азимов-муовини сарвазири ин кишвар ба Тоҷикистон, рӯзи 26-уми декабр дар назар буд, ба таъхир афтод.

Бино ба иттилои расонаҳои Узбакистон сафари Рустам Азимов ба Душанбе 27-уми декабр сурат хоҳад гирифт ва далели таъхири боздиди ҳайати Узбакистон аз Душанбе ба сафари Эмомалӣ Раҳмон- раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Русия марбут донистаанд. 

Ба иттилои манобеъ баъди бозгашти раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабр Рустам Азимовро ба ҳузур пазирад ва мавзуоти роҳандозии хатсайри Душанбе-Тошканд ва содасозии низоми раводид байни ду кишварро баррасӣ кунанд. Расонаҳои Узбакистон менависанд, дар назар аст, ки зимни ин мулоқот додани раводид дар фурудгоҳҳои Тошканду Душанбе ба шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Ба дунболи интихоби Шавкат Мирзиёев ба семати раиси ҷумҳури Узбекистон умедвори ва интизориҳо дар байни коршиносон ва ҳатто мардуми оддӣ перомуни гармтар шудани равобит миёни Душанбеву Тошканд афзойиш ёфт ва изҳороту тасмимоти ахири Шавкат Мирзиёев дар мавриди густариши равобити Тошканд бо кишварҳои ҳамсоя мардумони минтақаро ба дурнамои хуби ин равобит умедвортар кардааст.

Шокирҷон Ҳакимов низ бар ин назар аст, ки афкори умумии ҳар ду кишвар мутамойил ба равобити наздики Тошканду Душанбе аст ва изҳори умедворӣ кард, ки сарфи назар аз дахолатҳои берунӣ мақомоти ду кишвар аз фурсати ҷадид барои гармтар шудани муносибот иқдом намоянд.

Гуфтанист 28-уми декабр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баргузор мегардад. Қарор аст дар ин нишаст таърихи дақиқи оғози парвозҳо миёни Душанбеву Тошканд мушаххас шавад.

Қаблан дар Душанбе ҳар ду тараф тавофуқ карданд, ки парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Тошканд, ки аввали солҳои 90-уми асри гузашта қатъ шуда буд, аз моҳи январи 2017 аз сар гирифта шавад. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Узбакистон соли 2000-ум роҳандозӣ шуда, аз мушкилоти аслӣ дар рушди муносиботи ду кишвари ҳамсоя арзёбӣ мешавад.