Ширкати раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти сарони кишварҳои Туркманистону Узбекистон
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти сарони кишварҳои Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ширкат кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Эмомалӣ Раҳмон, Сардор Бердимуҳаммадов ва Шавкат Мирзиёев, сарони кишварҳо дар хусӯси тақвияти бештари ҳамкориҳо дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, энержӣ, муҳити зист,об, ҳамлу нақл ва дигар заминаҳои мавриди алоқаи дуҷониба гуфтугӯ карданд.
Раҳмон дар суханронии худ бар тавсеаи пойдори равобити дӯстонаву ҳамкориҳои муфид бо Туркманистону Узбекистон ба унвони авлавияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон таъкид кард.
Баён шуд, ки густариши ҳамаҷонибаи бештари равобити байнидавлатӣ манофеи асосии мардуми се кишварро таъмин мекунад ва ба ҳифзи сулҳ, субот ва амният дар Осиёи Марказӣ кумак мекунад.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар айни ҳол таъкид кард, ки ба лутфи фазои сиёсии мусоиде ки дар солҳои ахир шакл гирифтааст раванди фаъоли густариши равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ дар Осиёи Марказӣ идома дорад,ки зербинои тавсеаи пойдори кишварҳо аст.
Ӯ дар хусӯси ҳамкорӣ дар заминаи энержӣ ва обу иқлим тасреҳ карданд, ки Тоҷикистон бо дар назар гирифтани манобеи ғании энержии обӣ ҳадафи худро тавсеаи тавлиди энержии “ сабз ” эълом кардааст ва омодагӣ дорад дар ин замина бо кишварҳои минтақаи ҳамкории фаъол дошта бошад.
Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон зимни тавваҷуҳ ба тағироти иқлим дар солҳои ахир ба аҳамияти ибтикороти ҷаҳонии Тоҷикистон дар заминаи обу иқлим, ки манофеи муштаракро таъмин мекунад ва аз ҳимояти ҷомеъаи ҷаҳонӣ бархурдор аст, ишора кард.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин хостори истифодаи муассир аз зарфиятҳои се кишвар дар бахши ҳамлу нақл шуданд, ки метавонад ба суботи иқтисоди миллӣ кумак кунад.