Дархости Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз Русия
(last modified Tue, 27 Dec 2016 04:57:06 GMT )
Декабр 27, 2016 09:57 Asia/Dushanbe
  • Дархости Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз Русия

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ҳамкории Вазорати хориҷаи Русияро барои ҳалли мушкили парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни ду кишвар хостор шудааст.

Ба гузориши сайти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар ёддошти ин вазоратхона аз Вазорати умури хориҷаи Русия дархост шудааст, ки барои баргузории музокироти мустақим миёни ҳайатҳои ҳамлу нақли ду кишвар ҳамкорӣ кунад.

Дар бахше аз ин ёддошт омадааст, ки Вазорати ҳамлу нақли Русия бар хилофи тавофуқномаи ду кишвар дар заминаи парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ, ки дар соли 1997 имзо шуда буд, парвозҳои ширкати “Сомон –Эйр”-ро ба шаҳрҳои Русия мамнуъ кардааст.

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ҳанӯз ҳам заминаи ҳалли ин мушкил аз роҳи гуфтугӯ миёни мақомоти ҳамлу нақли ду кишвар вуҷуд дорад.

Иқдоми Русия дар мамнуияти парвозҳои ширкати “Сомон-Эйр”-и Тоҷикистон ва бунбаст дар музокироти ҷониби тоҷику рус дар ҳоле иттифоқ афтодааст, ки мақомоти ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон аз тасмими худ барои манъи парвозҳои ширкати хатсайри Урали Русия ба Душанбе чашмпӯшӣ кардаанд.

Шералӣ Ганҷалзода, вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон гуфтааст, ки бо ҳадафи рафту омади коргарони муҳоҷири ин кишвар ба Русия тасмим гирифта шуд, ки парвозҳои ширкати хатсайри Урал ба Душанбе барқарор бимонад.