Такмили тунели сохти Эрон дар ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон
(last modified Sat, 05 Aug 2023 14:17:44 GMT )
Август 05, 2023 19:17 Asia/Dushanbe
  • Такмили тунели сохти Эрон дар ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон

Тунели панҷкилометрии сохти мутахассисони эронӣ дар Тоҷикистон, ҳамзамон бо 32-умин солгарди истиқлоли ин кишвар такмил мешавад.

Ба гузориши ИРНА, вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон эълом кард, ки кори такмили тунели “Истиқлол”, ки бахши марказии Тоҷикистонро ба шимоли ин кишвар муттасил мекунад, қабл аз ҷашни рӯзи Истиқлол такмил мешавад.

Истиқлоли Тоҷикистон аз Шуравӣ, 28 соли пеш дар рӯзи 9 сентябри соли 1991 эълом шуд.

Амалиёти такмилии ибтидои қарор буд авохири 2022 ба поён бирасад. Аммо ба гуфтаи идораи ҳамлу нақл, "ба далоили молӣ, ин замон ба таъвиқ афтод."

Иқдомоти такмилии муртабит бо тунели “Истиқлол” тавассути ширкати эронии “Форуб” анҷом мешавад.

Сохти тунели “Истиқлол” дар соли 2003 дар пайи ақди тавофуқнома ин байни мақомоти тоҷику эронӣ оғоз шуд.

Тунели 5 километрии “Истиқлол” аз зери гузаргоҳи баландкӯҳи Анзоб, дар 90 километрии шимоли Душанбе дар бузургроҳи Душанбе - Хуҷанд (шимоли Тоҷикистон) мегузарад.