Ҳушдори дубораи Амрико ба шаҳрвандонаш дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i10585-Ҳушдори_дубораи_Амрико_ба_шаҳрвандонаш_дар_Тоҷикистон
Дар остонаи соли ҷадиди мелодӣ Сафорати Амрико ба шаҳрвандони худ дар Тоҷикистон дар бораи эҳтимоли вуқуи ҳамалоти террористӣ ҳушдор додааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 27, 2016 06:46 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори дубораи Амрико ба шаҳрвандонаш дар Тоҷикистон

Дар остонаи соли ҷадиди мелодӣ Сафорати Амрико ба шаҳрвандони худ дар Тоҷикистон дар бораи эҳтимоли вуқуи ҳамалоти террористӣ ҳушдор додааст.

Сафорати Амрико дар Душанбе моҳи ноябр низ ба шаҳрвандонаш дар Тоҷикистон ҳушдорҳои амниятӣ дода буд.

Акнун пойгоҳи интерентии Сафорати Амрико дар Душанбе бо интишори баёнияе таъкид кардааст, ки бо тавваҷуҳ ба вуқуи ҳамалоти террористӣ дар Анкара ва эҳтимоли такрори ин навъи ҳаводис дар Тоҷикистон, шаҳрвандони амрикоӣ ба ҳушдорҳои амниятиву тавсияҳои ин сафорат дар моҳи ноябр тавваҷуҳ ва ҷониби эҳтиётро риоят кунанд.

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон моҳи ноябр аз шаҳрвандони худ дар ин кишвар хоста буд, ки аз сафар ба вилояти Бадахшон ва дигар манотиқи ҳаммарз бо Афғонистон худдорӣ кунанд.

Дар вокуниш ба ин ҳушдорҳо мақомоти сиёсиву амниятии Тоҷикистон ва коршиносони масоили амниятӣ дар ин кишвар, эҳтимоли ҳамалоти террористӣ дар Тоҷикистонро беасос унвон ва таъкид карда буданд, ки дар ин кишвар ҳеч заминае барои таҳдиди амниятии шаҳрвандони хориҷӣ ва гардишгарон вуҷуд надорад.