Август 07, 2023 10:09 Asia/Dushanbe
  • Воридоти 25 дарсад дорӯ аз Русия ба Тоҷикистон
    Воридоти 25 дарсад дорӯ аз Русия ба Тоҷикистон

Тоҷикистон ҳудуди 25 дарсад дорӯҳои мавриди ниёзи худро аз Русия ворид мекунад.

Ба гузориши Садои Хуросон, тайи моҳҳои январ  то июни соли ҷорӣ, аз беш аз 50 кишвра дорӯ ба Тоҷикистон ворид шудааст. Гумруки Тоҷикистон дар бозаи замонии январ то июни 2023 воридоти беш аз 7.7 ҳазор тон дорӯ ба арзиши 30 миллион долларро сабт карданд. Бар асоси иттилооти мақомоти зидди инҳисории Тоҷикистон, воридоти дорӯ дар муқоиса бо  муддати мушобеҳи соли гузашта 2 ҳазор тон ё 35 дарсад бештар аст. Дар ин иттилоъия омодааст: Аз маҷмӯъи воридот дорӯӣ дар январ то июни 2023, беш аз 5.5 ҳазор тон ба арзиши 20.5 миллион доллар аз кишварҳои дур ва мобақи аз кишварҳои наздик ворид шудааст.

Ҳудуди 38 дарсади дорӯҳо низ аз Ҳинд ба Тоҷикистон ворид мешавад.