Август 07, 2023 11:42 Asia/Dushanbe
  • Тақдими рунавишти устуворномаи сафири ҷаддиди Туркманистон ба вазири хориҷаи Тоҷикистон
    Тақдими рунавишти устуворномаи сафири ҷаддиди Туркманистон ба вазири хориҷаи Тоҷикистон

Сафири ҷаддиди Туркманистон бо вазири хориҷаи Тоҷикистон дидор кард.

Ба гузориши Садои Хуросон, Оймурод Кочимардонов сафири  ҷаддиди Туркманистон дар Душанбе рунавишти устуворномаи худро ба Сироҷиддин Муҳриддин вазири умури хориҷаи Тоҷикистон тақдим кард.

Баъд аз маросими тақдими рунавишти устуворнома байни ду тараф дар хусуси чашмандози рушди равобити дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, башардӯстона, илмӣ ва соири ҳавзаҳои мавриди алоқа табодули назар шуд.

Муҳриддин ба сафири ҷаддиди Туркманистон интисоби вайро ба ин симат табрик гуфт ва дар фаъолиятҳояш орзӯи муваффақият кард.