Поёни маъмурияти дипломатии сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон
(last modified Thu, 10 Aug 2023 13:44:36 GMT )
Август 10, 2023 18:44 Asia/Dushanbe
  • Поёни маъмурияти дипломатии сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон

Муҳаммадтақии Собирӣ-сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон бо интишори як паёми худоҳофизӣ аз поёни маъмурияти худ дар Душанбе хабар дод.

Муҳаммадтақии Собирӣ-сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон бо интишори як паёми худоҳофизӣ аз поёни маъмурияти худ дар ин кишвар хабар дод.
Дар паёми сафири Эрон дар Тоҷикистон омадааст :
Ба номи Яздони пок
Дар ду чашми ман нишин, эй онкӣ аз ман мантарӣ
То қамарро во намоям, к-аз қамар равшантарӣ
Акнӯн ки рӯзҳои поёнии маъмуриятам ба унвони сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Тоҷикистон ба шитоб аз роҳ фаро мерасад, пажвоку танини ин байти пири шаҳду шакар Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ  маро ба ёди даврони пурарҷу арзи ҳамдилӣ, дустӣ ва меҳри мардумони наҷибу бузургманиши тоҷик меандозад.
Ҳақиқатан ҷойгоҳи ин сарзамини бошукӯҳу мардумони настуи тоҷик назди мо эрониён ҳамон аст, ки Мавлоно гуфт:
Аз " ман " мо " мантаранд "
Ба рағми фарозу фурӯди садаҳои пешин мардумони ин сарзамини куҳанбунёд ҳаргиз пайвандҳои дерину ширини хешро бо сарзамини ниёконии Эронзамин нагусастанд ва ба равишҳои гӯногӯн ресмони фарҳангу ҳувияти хешро бо ҳавзаи забонӣ ва тамаддунии хеш пайвастанд .
Аз ин рӯ миёни Эрону Тоҷикистони ҳеҷ « дуӣ » ва « мову туӣ » нест ; ҳарчӣ ҳаст ягонагӣ ва якрангӣ аст !
Борӣ дар даврони қариб ба панҷ сол, ки моро вақт хуш буд ; бисёр кушедам то обишхури ширини дӯстии ду кишвари тамаддунсози Эрону Тоҷикистон беш аз пеш равон ва зулол шавад.
Бегумони комёбӣ дар ин масир бидуни ёрии гаронмоягону муҳташамон варҷованди ҳар ду кишвар муҳаққақ намешуд.
Фарҷоми суханро бо қалби пур аз тапишу дилтангӣ бо каломи зебову сазоворонаи шоири фақиду баландовозаи тоҷик, зиндаёд устод Лоиқ Шералӣ ороста мегардонам:
Умед ки ба мадади додори баланд дарахти таноҷвру гашанбехи дӯстӣ ва пайванди ду кишвари сарафрози Эрону Тоҷикистон ҳар рӯз хуррамтар ва сабзтару шодобтар бошад ва аз газанди аҳриманону нажанди дижхимон эману маҳфӯз бимонод.