Мақоми тоҷик : Русия барқасдона барои содироти маҳсӯлоти тоҷикҳо монеътарошӣ мекунад
(last modified Sat, 12 Aug 2023 05:53:04 GMT )
Август 12, 2023 10:53 Asia/Dushanbe
  • Мақоми тоҷик : Русия барқасдона барои содироти маҳсӯлоти тоҷикҳо монеътарошӣ мекунад

Мудири Ожонси содироти Тоҷикистон гуфт : Маҳсӯлоти кишоварзии мо ағлаб ба далели эҷоди манеъаҳои барқасдона дар марзи Русия вайрон ва соҳибкорони тоҷик дучори зарар мешаванд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Баҳриддин Сироҷиддинзода-мудӣри Ожонси содироти Тоҷикистон дар нишасти матбӯотӣ аз эҷоди мавонеъи барқасдона дар марзи Русия барои маҳсӯлоти тоҷикӣ ва роҳи ислоҳи ин вазъият хабар дод.
Вай хотирнишон кард : Тоҷикистон ҳатто дар шароити таҳримҳои байналмиллалӣ метавонад ҳар колоеро, ки дар феҳристи таҳримҳо қарор надорадасалан маҳсӯлоти кишоварзӣ ба Русия содир кунад . Ҳеҷ мушкилӣ дар ин маврид аз тарафи мо вуҷуд надорад.
Бинобар суханони вай ҳангоми ҳамлу нақли коло дар марзи Русия мушкилотӣ ба вуҷӯд меоянд, аз ҷумла бозрасиҳои зиёде аз мошинҳои тоҷикӣ анҷом мешавад, ки ба таври амдӣ бо таъхир мувоҷеҳ мешаванд . Ин ҳам дар ҳоле аст, ки мо барои арзаи маҳсӯлоти кишоварзӣ ба манотиқи мухталифи Русия қарордодҳои имзошуда дар даст дорем .
Вай хотирнишон кард ки дар нимаи аввали соли ҷорӣ даҳҳо ҷаласоту ҳамоишҳо баргузор шудааст, ки дар онҷо сохторҳои тиҷории Тоҷикистону Русия ширкат ва тавофуқномаву қарордодҳои бисёре имзо карданд.
Мудири Ожонси содироти Тоҷикистон идома дод аммо тақрибан ҳамаи онҳо рӯйи коғаз боқӣ мондаанд ва иҷроӣ намешаванд.
Бо ин ҳол Сироҷиддинзода аз вуҷӯди дарки мутақобил бо тарафи русӣ дар мавриди ҳалли ин мавзӯъ ибрози хурсандӣ карду афзуд : Хадамоти гумруки ду кишвар истифода аз системаҳои электроникӣ барои судӯри гувоҳии мабдаи коло тавофуқ карданд, ки замони анҷоми амалиёти гумрукиро ба мизони қобили таваҷҷӯҳе коҳиш медиҳад.