Коҳиши мубодилоти тиҷории Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
Арзи мубодилоти бозаргонии Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар нимаи аввали соли ҷорӣ 30 дарсад коҳиш ёфт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс гардиши моли ва бозаргонии Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар нимаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба муддати мушобеҳи қабл 30 дарсад коҳиш ёфт ва ба 1 миллиону 786 миллион доллар расид мубодилоти бозаргонии ду кившар дар муддати мушобеҳи соли қабл 2 миллион доллару 587 доллар буд.
Бар асоси гузориши мунташиршуда аз суи кумитаи давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон, Тоҷикистон дар ин муддат 1 миллиону 745 миллион доллар аз Ҷумҳурии Озарбойҷон ворид карда аст.
Арзиши воридоти коло аз ин кишвар нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл 31.7 дарсад коҳиш дошта аст Тоҷикистон ҳам дар 6 моҳи аввали соли 2022 2 миллиону 558 доллар аз Ҷумҳурии Озарбойҷон харид карда буд.