Террористи боздоштшуда дар ҳарами мутаҳҳари Шоҳчароғ(а) шаҳрванди Тоҷикистон аст
Раиси кулли додгустарии устони Форс бо ишора ба ҷузиёти ҷадид аз ҳодисаи террористи дар ҳарами Шоҳчароғ(а) гуфт: Фарди асли ки ҳамакнун дар ихтиёри мақомоти қазоӣ қарор дорад шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс ҳуҷатулислом валмуслимин Мусавӣ раиси кулли додгустарии устони Форс дар робита бо ҷузиёти ҷадид аз ҳодисаи террористии шабигузаштаи ҳарами Шоҳчароғ(а) изҳор кард: Дар пайи талошҳои сарбозони гумноми имом Замон(аҷ) то кунун 8 нафар аз унсурҳои мазнун ба иртибот ба ҳодисаи террористии шаби гузаштаи ҳарами Шоҳчароғ(а) дастгир шуданд.
Вай гуфт: Тамоми афроди боздошти аз шаҳрвандони хориҷӣ ҳастанд.
Раиси кулли додгустарии устони Форс дар робитаи ҳувияти террористи асли ки шаби гузашта дар саҳни ҳарам дастгир шуда буд баён кард: Ин фард дар таҳқиқоти авалия худро Раҳматулло Наврузов муъарифи кард ва шаҳрванди Тоҷикистон аст.