Коҳиши таваллуд дар Тоҷикистон
(last modified Wed, 16 Aug 2023 08:49:55 GMT )
Август 16, 2023 13:49 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши таваллуд дар Тоҷикистон

Теъдоди таваллуд дар Тоҷикистон коҳиш ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутинк, Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Агентии омори Тоҷикистон гуфт, дар моҳҳои январ то июни соли ҷорӣ нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта, теъдоди таваллудҳо 3 дарсад коҳиш доштааст.

Вай афзуд, раванди коҳиши сабти таваллуд дар тамоми манотиқи Тоҷикистон ба ҷуз шаҳри Душанбе сабт шудааст.

Раиси Идораи омори Тоҷикистон изҳор кард, ки камшавии сабти таваллуд дар вилояти Хатлон 2,9% (44,9 ҳазор кӯдаки навзод), дар вилояти Суғд 3,9% (25,7 кӯдаки навзод), дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 6,5% ( 23,9 ҳазор кӯдаки навзод) ва дар Бадахшон 5,5% (1,6 ҳазор кӯдаки навзод)-ро ташкил намудааст.

Ҳамчунин, дар ин давра сабти таваллуд дар шаҳри Душанбе зиёд шуда, 8,3% (10,8 ҳазор кӯдаки навзод)-ро ташкил намуд.

Теъдоди фавтшудагон низ дар шашмоҳаи нахусти имсол нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта, 4 дарсад афзоиш дошта ва ба 17 ҳазор нафар расидааст .

Ба иттилои мақомдори тоҷик, аз ҷумла, дар вилояти Суғд сабти шахсони фавтида 0,3 фоиз - 5,8 ҳазор фавт, дар вилояти Хатлон 7,8 фоиз- 5,9 ҳазор фавт, дар Душанбе 3,3 фоиз- 1,5 ҳазор фавт, дар навоҳии тобеи марказ 2,7 фоиз- 3,3 ҳазор фавт ва дар Бадахшон 16 фоиз зиёд шуда, 486 фавтро ташкил додааст.

Роҳбарияти Агентии омор таъкид дошт, ки афзоиши табиии аҳолӣ аз рӯи маълумоти пешакӣ дар шаш моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 4,2% кам шуда, 89,8 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки ин ба 1000 нафар аҳолӣ 17,8 нафар рост меояд.