Афзоиши 3 баробарии сафари гардишгарони рус ба Тоҷикистон
Теъдоди шаҳрвандони Русия, ки дар соли ҷорӣ ба унвони гардишгар аз Тоҷикистон боздид кардаанд, нисбати солҳои қабл 3 баробар бештар шудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Алишер Мирзонабот-устондори Бадахшони Тоҷикистон бо Димитрий Волвач-муовини Вазорати тавсеаи иқтисодии Русия дидор ва гуфтугу кард.
Таи ин музокирот муовини Вазорати тавсеаи иқтисодии Русия эълом кард, ки тиҷорати кишвараш омодааст то ба тавсеаи саноъати гардишгарӣ дар Тоҷикистон кумак кунад ва беҳтарин шеваву таҷрибиёти худро ба иштирок бигузорад.
Димитрий Волвач барои тавсеаи саноъати гардишгарӣ дар Тоҷикистон ҷазби тоҷирону сармоягузорон Русияро зарурӣ ва аҳамияти таҳияи феҳристи ширкатҳои муътабари туристӣ ва маконҳои дидании Тоҷикистон, ки метавон барои боздидкунандагон тавсия кард, бисёр муҳим донист.
Дар ҳоли ҳозир теъдоди гардишгарони рус дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш аст ва дар муқоиса бо соли 2019 афзоиши се баробарӣ доштааст. Теъдоди ҷаҳонгардони тоҷик дар Русия ба навбати худ ду баробар бештар шудааст.
Давлатҳои Тоҷикистону Русия дар мавриди афзоиши мутақобили ҷараёни гардишгарон ба тавофуқ расидаанд ва бинобар он интизор меравад, ки то соли 2024 то 500 ҳазор гардишгари рус аз Тоҷикистон боздид кунанд.