Декабр 27, 2016 19:31 Asia/Dushanbe
  • Русия ба дунболи афзоиши ҳузури низомӣ дар Тоҷикистон аст

Русия қасд дорад, ҳузури нерӯҳои низомии худ дар кишвари Тоҷикистонро афзоиш диҳад.

Ба иттилои хабаргузории Ройтерс, сафири Маскав дар Душанбе эълом кард, ду кишвар ба дунболи эҷоди як пойгоҳи ҳавоии муштарак дар Тоҷикистон ҳастанд. Русия ҳамакнун як пойгоҳи низомӣ дар наздикии Душанбе ва дар пойгоҳи Айнӣ дорад ва 7 ҳазор нерӯ ва низ чанд чархбол дар он ҳузур доранд, аммо Маскав ба дунболи густариши ҳузури ҳавопаймоҳои ҷангии худ дар Тоҷикистон аст .