Коҳиши тақозои мардуми Тоҷикистон барои хариди либоси мактабӣ
(last modified Sat, 19 Aug 2023 05:29:33 GMT )
Август 19, 2023 10:29 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши тақозои мардуми Тоҷикистон барои хариди либоси мактабӣ

Бо вуҷуди афзоиши тавлиди либоси мактабӣ тақозои мардум барои хариди он коҳиш ёфтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин ба ин далел аст, ки донишомӯзон чандин сол либоси харидоришударо мепӯшанд. Шифо Собирова-раиси идораи кадрҳои ширкати « Нассоҷии тоҷик » гуфт : Ин мавзӯ бо вазъияти иқтисодӣ ва иҷтимоии хонаводаҳо дар Тоҷикистон ҳам муртабит аст . Вай гуфт : Либоси мактаб бештар мавриди ниёзи донишомӯзони синфҳои поёнӣ аст ва далели дигари тақозои ками харид ин аст, ки дар бархе хонаводаҳо донишомӯз чанд сол аз ҳамон либос истифода мекунад. Аммо ба гуфтаи вай волидайне, ки ба намоишгоҳ меоянд аз сифати хуби либос розӣ ҳастанд.  Ӯ изҳор кард ин ширкат либоси мактабиро аз  матоъи босифати мухталиф медузад; бинобарин тақрибан ҳар касе метавонад бо тавваҷуҳ ба буҷети худ харид кунад . Илова бар ин дар намоишгоҳҳои Тоҷикистон дар сурати вуҷуд надоштани андозаи муносиб муштариён метавонанд либосро дар коргоҳи хайётӣ супориш диҳанд . Намоишгоҳи либосу лавозими мактабӣ дар Душанбе гушоиш ёфтааст ва тавлидкунандагони умдатан дохилӣ маҳсӯлоти худро дар маърази хариди умум қарор доданд.
Тарҳи яксонсозии пӯшиши донишомўзон дар мактабҳои Тоҷикистон аз соли 2018 иҷро шудаасту тарроҳӣ,сифат ва андозаи он тавассути « Тоҷикстандарт » контрол мешавад . Вазорати саноъату фанновариҳои навини ҷумҳурӣ эълом кард, ки ҳудуди 80 ширкати саноъатӣ дар тавлиди либоси мактабӣ дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд .