Август 20, 2023 19:39 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҳафтумин Намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон

Раиси Каомиссиони тиҷорати утоқи бозаргонӣ, саноат, маодин ва кишоварзии Хуросони Разавӣ аз баргузории ҳафтумин намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон дар меҳрмоҳи соли ҷорӣ хабар дод.

Муҳаммадҳусайни Равшанак бо эъломи ин хабар дар хусӯси аҳамияти баргузории ин намоишгоҳ изҳор кард, бозаргонии хориҷӣ ва тиҷорати байналмилал бо баргузории намоишгоҳҳо ва ҳайатҳои тиҷорӣ шакл мегирад, лизо агар намоишгоҳҳои қавӣ дар бозорҳои ҳадаф баргузор кунем, бистаре барои ҳайатҳои тиҷории музокиракунанда ба вуҷӯд меояд то онҳо битавонанд аз тариқи иртиботи ҳузурӣ, бозорёбии чеҳра ба чеҳра анҷом диҳанд, ки бо ин шева, содироту воридот қатъан рушди чашмгире хоҳад кард. Кишваре, ки содироту воридоти хуб дошта бошад иқтисоди муваффақӣ низ хоҳад дошт.

 

Барчасп