Август 21, 2023 10:06 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди мақомоти Тоҷикистон ва Созмони Миллал бар тавсиъаи ҳамкориҳо
    Таъкиди мақомоти Тоҷикистон ва Созмони Миллал бар тавсиъаи ҳамкориҳо

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо мудири минтақаии дафтари ҳамоҳангии рушди Созмони Миллали Муттаҳид барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дидор кард.

Ба гузориши Садои Хуросон, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо мудири минтақаи дафтари ҳамоҳангии рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ дидор ва гуфтугӯ кард.

Ниҳоди дипломатии Тоҷикистон бо эъломи ин матлаб гуфт: Дар ин дидор вазъияти кунунӣ ва чашандози рушди ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон ва сохториҳои Созмони Миллали Муттаҳид мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Иловабарин, ду тараф тай ин дидор дар мавриди масоили пружаҳои дар ҳоли иҷро дар Тоҷикистон, рӯйдодҳои оянда ва ҳамчунин фурсатҳо барои густариши таъомул дар заминаҳои мухталиф табодули назар карданд.

Барчасп