Декабр 28, 2016 10:08 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши мутақозиёни тоҷики иқомат дар Русия

Муовини дафтари намояндагии Вазорати кишвари Русия дар Тоҷикистон аз дарёфти тақозои 14 ҳазор шаҳрванди ин ҷумҳурӣ барои рафтан ба Русия ва иқомат дар ин кишвар хабар дод.

Ба иттилои Азия-Плюс, Владислав Маркевич дар нишасти хабарии ахири худ дар Душанбе гуфтааст, ки ин омор дар муқоиса бо соли қабл 40 дарсад бештар аст .

Вай таъкид кардааст, ки теъдоди ин афрод дар соли 2014, 10 ҳазор нафар буд, ки дар соли 2015 ин омор ба 13 ҳазор нафар ва имсол ба 14 ҳазор нафар расид.

Ба гуфтаи муовини дафтари намояндагии Вазорати кишвари Русия дар Тоҷикистон, имсол аз миёни ин теъдод ба ҳазору 850 хонавода иҷозатномаи рафтан ба Русия ва дунбол кардани мавзуи дарёфти иқомати осон дар ин кишвар ба мутақозиёни тоҷик эъто шудааст .

Тибқи ин гузориш, дар соли 2015 ба ҳазору 200 хонавода ва мутақозиёни тоҷик дарёфти иқомат дар Русия иҷозатномаи сафар ба ин кишвар содир шуда буд .

Дар Русия барномаи интиқоли русзабонон, шаҳрвандони бумии кишварҳои қаламрави Шӯравии собиқ ва мутаваллидини ин ҷумҳуриҳо дар даврони ҳукумати Шӯравӣ вуҷуд дорад, ки барои дарёфти иқомати осон ва тобеияти Русия тадвин шудааст .